Ба мастӣ
Дар рӯзи навбаҳорон гуфтам сухан ба мастӣ,
Ҳушёри номвар шуд дар анҷуман ба мастӣ.
Сархуш намешавам ман аз шишаҳои бода,
Дар ду ҷаҳон кашидам ишқи ватан ба мастӣ.
Ман қосиди баҳорам, ҳамчу насими Наврӯз,
Ранги сабо бигардам гирди чаман ба мастӣ.
Ҷоми ҷаҳоннамо гар бишканӣ, гуноҳ нест,
Бар соғари дили мо санге мазан ба мастӣ.
Оёти ишқ бар лаб аз ин ҷаҳон гузаштем,
Моро кӣ мешиносад дар марғазан ба мастӣ.
Пироҳани сафеда пӯшӣ агар чу Сармад,
Сӯзад зи оташи дил, дардо, кафан ба мастӣ.