Навруз падид омад
Товуси баҳор омад бар боғи ҷаҳон имрӯз,
З-он дида набардоранд ҳар пиру ҷавон имрӯз.
Наврӯз падид омад бо нағмаи растохез,
Ба сабзаву гул руяд аз гӯри хазон имрӯз.
Ҳар лола, ки мемонад бар коси зари пурхун,
Андоми ҷаҳон гулгун аз хуни дамон имрӯз.
Ҳар кӯҳ ба пиндорам чун Рустами Дастон аст,
Ороиши китфи ӯ рангинкамон имрӯз.
Дар боғ дарахтон гар бо афсуни дай хуфта,
Аз дида фаромӯш аст он хоби гарон имрӯз.
Дар оини мо ҳарчанд озор агар ҷурм аст,
Ғамҳои гиромиро аз сина бирон имрӯз.
Дар базми тарабкорон гуфто ба дилаш Сармад:
Аз дафтари Наврӯзӣ сад ҷома бихон имрӯз.