Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Сармад
Сармад

Барф

Кӯҳҳо чун мусафедон баста хуш дастори барф, Пуштаҳо бар дӯш доранд ин саҳар кулвори барф. Ё арӯси симтан аз осмон омад ба хок, Хокиёнро дида равшан гашт аз дидори барф. Дасти сармо ганҷдоми осмонҳоро шикаст, Медурахшад ҳар куҷо бингарӣ анвори барф. Дашту саҳро дар хаёлам ҳамчу фарши нуқра шуд, Кохи симин офарад дар кӯҳҳо меъмори барф. Қасри симин устувор андар зимистон аст, вале, Чун баҳорон даррасад, афтод зи бун девори барф.