Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Сармад
Сармад

Эй соқӣ

Ҳамеша сархушам дорад майи илҳомам, эй соқӣ, Саҳар хуршед соғар, моҳ қадаҳ дар шомам, эй соқӣ. Агарчи шишаи гардун шаробе аз шафақ дорад, Бирез аз хуми оташ бодаро бар ҷомам, эй соқӣ. Шароби ваҳдат овар, то ба нури асл омезад, Нишоне наёбан(д) з-аввалу анҷомам, эй соқӣ. Манам хокӣ, вале парвозгоҳам даҳру подаҳр аст, Шикасти бол агар дорад хаёли хомам, эй соқӣ. Надорад хуми гардуну замин он май, ки мехоҳам, Шаробе деҳ, ки то нӯрон шавад андомам, эй соқӣ. Дили Сармад агар дар синааш гетинамо бошад, Намоиш медиҳад пажмону ҳам пиндорам, эй соқӣ.