Дил мабодо он диле ки хешро доно накард
Хок бодо он саре к-андешаи воло накард,
Дил мабодо он диле, ки хешро доно накард...
Ҳайфи умре, ки рабудаш панҷаи шому саҳар,
Бехабар бигзашту кори нек дар дунё накард...
Чашми ҳақҷӯе надорад ботини он кас ки ӯ,
Дидаи нафсаш ба дасти хеш нобино накард...
Зиндагӣ баҳрест оташзо ба ҳукми рӯзу шаб,
Киштии ҷоне бисӯзад, машқи ин дарё накард...
Гунг гардид кӯдаки гаҳвораи ҳар модаре,
Бо забони хуш баҳраш замзами шево накард...
Ҳайфи чашме, ки бурун аз хокдон чизе надид,
Баста гардиду нигоҳе ҷониби мино накард...
Бебасар тифли нафасро он қадар барбод дод,
Синаи сангаш вале як лаҳза вовайло накард...
Бишканад дастворае, ки қомати хамгаштаро,
Ҳамсафар буду дареғо, ҳамчу худ раъно накард