Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Сармад
Сармад

Побастаи хок

Побастаи хокам, вале гардуни гардон дидаам, Эй ман, басо хуршедҳо дармони кайҳон дидаам. Бори фузуни зиндагӣ бар дӯш раҳпаймо шудам, Гарди гарон аз оламе дар нӯги миҷгон дидаам. Андар ҳисори колбад бошад равонам найнавоз, Ман чеҳраи ҳар нағмаро бо дидаи ҷон дидаам. Ман бар нигористони дил бори назар андохтам, Ин кохро ороста бо расти армон дидаам. Ин олами обу гил аз рӯзи азал ҳасратсарост, Бар ҳар куҷое бингарам, ман дарди инсон дидаам. Гар рӯйиши андешаҳо ойинадори зиндагист, Ман ҳар нафас андар замир ошӯбу исён дидаам.