Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Сармад
Сармад

Пайғоми ишқ

Ишқ пайғоми фурӯғ аз марзи кайҳон оварад, Нағмаҳои осмонӣ бар найи ҷон оварад. Чашм мепӯшам, ки паймоям даруни хешро, Дашти оташхези хобам дарди сӯзон оварад. Хоби тифлӣ як нафас наомад ба чашми пириям, Роҳате хоҳам, парешониро сомон оварад. Осмон монанди тифлон мешавад фасли баҳор, Озарахши ханда орад, ашки борон оварад. Раъди марги хеш ҳам гардуннавардӣ мекунам, Рӯҳи бемаргам ба сайри чархи гардон оварад. Аз тилисми коргоҳи зиндагӣ дар ҳайратам, Бишканад поиз, баҳори ӯ гулистон оварад.