Савдои ноз
Чеҳраҳояш кони ҳусну дидаҳо дарёи ноз,
Байти абру сархати сарводаи волои ноз.
Ин замину осмон гар саҷдагоҳи ҳусни ӯст,
Дар ниёиш мекунад ҷон, сар ниҳад бар пои ноз.
Коиноти бекарон равшан шавад аз нури ишқ,
Мужда меояд фурӯғ аз арши бепоёни ноз.
Бо яке миҷгон задан аз ломакон берун равад,
Ҳар хаёле, ки ҷунунпарвозияш савдои ноз.
Нест дар оини ишқ ҳарфу суханро қудрате,
Бо ишорат мешавад дил то абад шайдои ноз.
Бодаи меҳри варо ҷоми ду олам кӯчак аст,
Ҷуз диле, ки аз азал гардид ӯ минои ноз.
Маънии буду набуд ҷустан бишуд кори хирад,
Сармаду дил аз паи бикшодани маънои ноз.