Ду ҳарф
Ҳарду олам рангу бор аз ранги рахшони ду ҳарф,
Сурати нобуду буд дар чашми ҳайрони ду ҳарф.
Ҷуз сиришк ороише набвад, ки дар чашми қалам,
Хома гиряд то абад аз дарди ҳиҷрони ду ҳарф.
Нестиро офариниш сурату андом дод,
Нолаҳо дорад адам аз ишқи сӯзони ду ҳарф.
Нағмаи буду набуд андар дили одам танид,
Ӯ найи пурнолае буд аз найистони ду ҳарф.
Даҳру подаҳр он қадар суратнамо гардидаанд,
Маънии пояндагӣ дар дарки сомони ду ҳарф.
Аз мусофирқисматӣ баргу наво дорад хаёл,
Дар сари миҷгони ӯ гарди биёбони ду ҳарф.
Синаи Сармад китоби ишқи яздон буду ҳаст,
Чашми шеъраш равшан аз нури фурӯғони ду ҳарф.