Майхонаи ҳастӣ
Дар ин майхонаи ҳастӣ ҳама сармаст мебинам,
Басо девонагони ишқ қадаҳ бар даст мебинам.
Гадое неву шоҳе не дар ин ҳангомаи мастӣ,
Ҳама дорову нодорро ба ҳам пайваст мебинам.
Дареғо, моҳии умрам зи дарёи вуҷудам рафт,
Нафасро ҳамчу моҳӣ ман асири шаст мебинам.
Замин гар боз бар расми худ болотар аз арш аст,
Фалакро пеши пиндори бузургон паст мебинам.
Фурӯғи гавҳари мастӣ наёбад Сармад аз соғар,
Ба маънии майи дигар варо побаст мебинам.