Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Муҳаммадюсуфи Давронзод
Муҳаммадюсуфи Давронзод

Тоҷикистон

Аз дарахти баданам, оҳ, сад афсӯс, афсӯс, Тирамаҳ омадаву барги хазон мерезад. Тарсам аз он ки дар ин боғ чу аз боди хазон Баргу борам ҳама аз оҳи вазон мерезад. Аз баҳори ту ҳама ёд кунам, эй Модар, Эй Ватан! Субҳдаму шоми мани зиндонй! Орзуям , ки агар дида ба дидор расад Дили худро бикунам дар қадамат қурбонй! Хоб дидам, ки дар ин мулки ғарибй, рӯзе, Рӯзгорам ҳама нобурда ба сар, мемирам. Чун уқоби зи ҷарӣ ҷар шуда аз пушти шикор Сариҷаргаштааму дар таҳи ҷар мемирам... Он сафедор, ки дар боғи падар биншондам Сураташро бигирифтам, ки басе пир шуда. Он сафедор, ки дар доғи падар биншондам Сураташро бигиристам, ки басе пир шуда. Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам, нимам ман, Ними тан дар Ватану ними тану танҳоӣ. Ватанам, ҷон Ватанам, оҳ, ду тақсимам ман, Ними ҷон дар Ватану ними ману танҳоӣ. Ватанам, эй Ватанам, ин ҳама си соли дароз Ба худо, дар лаби ман ҳарфи шаҳодат будй! Ту маро ин ҳама си соли дароз, эй Модар, Ба худо, ҳар шаби ман қиблаи тоат будй! Аз "ҷануби"- ву "шимоли"- и ту ман ранҷида, Тани танхо раҳи худ пеш задам чун дарвеш. Ҳиссаи хоки ту дар кисаву бо дидаи тар Хешро дар дили хеш, оҳ, буридам аз хеш... Ҳамватан гарчи дар ин шахр маро бисёр аст, Лек афсӯс, барам нест яке ҳаммилат! Ғайри як чугизани "тоҷики покиза"* - и ту, Ин чи иллат, дигарам нест яке ҳаммилат ?! Манам ар шоири овозаи ин шаҳри ғариб, Дар лабам ҷуз хасу ҷуз хори Лаби Хори** ту нест. Ҷуз ҳаёҳуи мане ҳарчи сурудам дар умр Дар сари подараҳои Сари Хосори ту нест... Ман зи Дарбандаму аз обу гили Хоҷа Камол, Аз Бадахшону Зарафшонаму як хатлонй.