Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Садои Осиё

Осиё гӯяд сухан, Овози онро бишнавед! Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро бишнавед! Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард, Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард, Шеъри Ҳофизро ба ёд оред, — дарди Шарқро, Нолаҳои зор-зору оҳҳои сардро: “Шаби торику бими мавҷу гардоби чунин ҳойил, Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо”. Дар шаби торик, бими мавҷ дигар Осиё Аз сабукборони соҳилҳо надорад шикваҳо. Мефишоранд аз таҳи дил дасти онро дӯстон, То сари онро расонанд аз замин бар осмон. Рафт он давре, ки одамро пур аз таҳқир буд, Шабнишинро нуқли маҷлис донаи занҷир буд. Рафт давре, ки ҷудо буданд мисли чашмҳо Халқҳо-ҳамсояҳо дар сарзамини Осиё. Меваҳо аз меваҳо гиранд пайванди наве, Гирад аз ҳамсояҳо ҳамсоя ҳам панди наве. Рафт давре, ки садои Чин намеомад ба гӯш, Хуни дил мехӯрд ҳиндӣ — буд Ҳиндустон хамӯш. Рафт давре, ки ба гирдаш индонезӣ хӯрд ҳеҷ Дар ғами як луқма моҳӣ, дар ғами як каф биринҷ Мешавад нобуд акнун фирмаи ҷабру ситам,