Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Мирсаид Миршакар
Мирсаид Миршакар

Ҳушёр шав

Фарзанди пуршаъни Ватан. Боши дилу ҷони Ватан, Ҳастӣ нигаҳбони Ватан! Ҳушёр шав, ҳушёр шав! Дар гирду атрофат бубин, Душман ҳамеша дар камин Рӯбоҳи маккор он лаъин, Ҳушёр шав, хушёр шав! Дар суҳбатат чандон наҷуш, Деворҳо доранд муш, Он мушҳо доранд гуш! Ҳушёр шав, хушёр шав! Бошад Ватан то дар амон, Сирри Ватанро мисли ҷон Пинҳон бидор аз душманон, Ҳушёр шав, хушёр шав!