Панҷшер
Ҳар сари сангаш бувад як минбари тоҷик,
Дараи тангаш бувад бому дари тоҷик.
Пахтасангаш рахти хобу пахтаи гӯраш,
Тахтасангаш тахтаи гӯраш.
Панҷ шераш панҷ шери ҳазрати Салмои сосонӣ,
Ҳазрати Салмои Сосони хуросонӣ.
Пай ба пай ӯ аз паи шераш, - бубинӣ, - хат кашида,
Панҷшерашро хати сарҳад кашида.
Баста деворе ба ҳикмат дар раҳи тир,
Деву дадро баста бо занҷир.
Аз тилисми "Панҷ шер"- и ӯ раҳоӣ нест,
Дар тилисмаш монда дар кафтори толиб.
Панҷаи шераш дунимаш мекунад охир,
Панҷаи шераш тилимаш мекунад охир!
Ҳар куҷое аз паси санге, кулухе
Рӯ ба рӯям чун камону дашнаву шамшер мебинам,
Дар пасам ман шер мебинам!
Пушти ман аз пушти шер аст,
Мушти ман аз мушти ШЕР* аст!
Дар замоне, ки гурӯҳе аз қаламдастон,
Ровиёни Рустами Дастон
Аз думи шере суруда,
Бал думи шере дуруда,
Дастҳо дар пеши бар ҷоиза мегиранд,
Мекашам дар хеш ман тӯпи ҷазоил,
Дастҳо дар пушт!
Мечакад хун аз даҳ ангушт...
Мекашам дар хеш ман тӯпи ҷазоил...
Аз арақ тар,
Дар гулӯям захми наштар!
Дар замоне, ки гурӯҳе аз қаламдастон,
Дастҳо дар пеши бар ҷоиза мегиранд,
Бо азони наъраи шерон