Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Муҳаммадюсуфи Давронзод
Муҳаммадюсуфи Давронзод

Айнӣ

Ҷаҳоне бар ғубори айнаки Айнӣ намеарзад, Ба гарди хоки поки яктаки Айнӣ намеарзад. Сари кори сухан нохуфтани шабзиндадороне Сари дори сухан бар пинаки Айнӣ намеарзад. Бврои диданаш гар бурдаам ҷилди китобамро, Яқин донам, ки бар рубинаки Айнӣ намеарзад. Ба дандон мегазам ангушти ҳайрат сарфи осораш, Бару борам ба дандонкобаки Айнӣ намеарзад. Маро гар ҳалқа бар дар мезанад Фирдавсии Тусӣ, Чи масрурам, вале бар тақ - тақи Айнӣ намеарзад... Баландии қадаш буд матраке аз қомати тоҷик, Баланд андешам бар матраки Айнӣ намеарзад. Агар шохи қалам дар васфи у то осмон печад, Ҳама "боло" - и мо бар як "так" - и Айнӣ намеарзад. Ба мошини сухан мебурд қавмеро, к- аз он мардум Яке бар ҳайси як пулчинаки Айнӣ намеарзад... Агар сесад чаки дони сухан дорӣ, чакат орам, Ба ҳосил як чакат бар як чаки Айнӣ намеарзад. Бидон, ар ҳамнишини Хуҷаи Хизрӣ, худододӣ, Хушат бодо, вале бар ҷақ - чақи Айнӣ намеарзад...