Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Ба сина оташи шавқи ту то ватан дорад

Ба сина оташи шавқи ту то ватан дорад, Дилам зи доғи муҳаббат чаман-чаман дорад. Зи теғи ғамзаи ҷонон даруни сина ниҳон, Чӣ захмҳо, ки дили нотавони ман дорад. Зи дасти ҷабри ҳаводис дилам чу ғунчаи гул Ҳазор чок ба ҳар тарфи пираҳан дорад. Ба зери хок ба наъшам чӣ ҳоҷати кафан аст? Шаҳиди теғи муҳаббат зи хун кафан дорад. Димоғи ҷон ба сухан тоза мекунад Махфӣ, Миёни зулфи сухан нофаи Хутан дорад.