Дарде, ки дар оини вафо ҳамраҳи ҷон нест
Дарде, ки дар оини вафо ҳамраҳи ҷон нест,
Дардест, ки ин қобили пайдову ниҳон нест.
Аз бахти сияҳ шикваам ин аст, ки чун аст
Рӯзи тарабам ҳамчу шаби мотамиён нест.
Эй хок бар он сар, ки ба роҳи ту нашуд хок,
Эй вой бар он дил, ки зи дардат ба фиғон нест.
Гар қадр шиносӣ дурри ашки саҳариро,
З-ин гуна дурре дар садафи синаву кон нест.
Бо зулфи дилошӯб зи по силсила магсил,
К-ин қоида дар силсилаи пиру ҷавон нест.
То чанд занӣ тири нигаҳ аз хами абрӯ,
Маҷрӯҳи туро ҳавсалаи тиру камон нест.
Хуш бош дило, бо ҳама ғамҳо, ки дар ин даҳр
Шаҳрову гадоро зи дами марг амон нест.
Рӯ сӯи қафо пур шуда аз ашки надомат,
Он дида кадом ин ки ба ҳасрат нигарон нест.
Навмед машав Махфию мардона қадам неҳ!
Ҳар чанд ки аз манзили мақсуд нишон нест!