Даро ба хонаи арбоби дил, ки ҷо ин ҷост
Даро ба хонаи арбоби дил, ки ҷо ин ҷост,
Тариқи мардуми бегонаошно ин ҷост.
Ба ҷустуҷӯи Масеҳо марав, ки аз сари сидқ
Ҳазор дард бувад гар туро, даво ин ҷост.
Шукуфтани дили булбул ба боғ з-он бошад,
Ки субҳу шом ба уммеди гул сабо ин ҷост.
Куҷост аҳли диле, то ба Сомирӣ гӯяд:
Миси иёр биёвар, ки кимиё ин ҷост!
Ба ҷустуҷӯи висолат дилам ба хонаи чашм
Зи роҳи ашк дарояд, ки нақши по ин ҷост.
Маҷӯ зи боди сабо, дида, бӯи пироҳан,
Ки гарди қофилаи Миср тӯтиё ин ҷост.
Машав ба Каъба равон аз паи дуо, Махфӣ,
Биё, биё, ки иҷобатгаҳи дуо ин ҷост.