Маҳраме ку, то бигӯям қасди он маккора чист?
Маҳраме ку, то бигӯям қасди он маккора чист?
Боиси чандин ситам бар хонумоновора чист?
Мерабояд ҷазбаи ишқи ту дилро аз кафан
Дар чунин расво шудан ҷурми мани бечора чист?
Гар набошад завқи маъшуқию ошиқпарварӣ,
Хубрӯёнро ба сӯи ошиқон наззора чист?
Дар дили гул гар надорад нолаи булбул асар,
Дар чаман ин сурхии рухсору ҷайби пора чист?