Рехт бар хоки мазаллат баски оби рӯи мо
Рехт бар хоки мазаллат баски оби рӯи мо,
Обрӯи худ наёбад ранги мо бар рӯи мо.
Гар ба фарқи мо ниҳад сад кӯҳи меҳнат рӯзгор,
Чини пешонӣ набинад гӯшаи абрӯи мо.
Панҷаи ғам солҳо шуд панҷаи сабрам шитофт,
Рустами вақти худ аст ин қувваи бозуи мо.
Аз барои хотирозорӣ фалак то кай тавон
Ин қадар саргашта дар олам ба ҷустуҷӯи мо?
Баҳри бӯи пираҳан чашми таманно шуд сафед,
Охираш, эй бода ту як раҳ назар кун сӯи мо!
Дил заифу ғам қавӣ танҳо дар ин ишратсаро,
Вой агар, Махфӣ, набудӣ сабр ҳамзонуи мо.