Гар маҳи ҳуснат барояд рӯ ба рӯи офтоб
Гар маҳи ҳуснат барояд рӯ ба рӯи офтоб,
Аз хиҷолат зард гардад рангу рӯи офтоб.
Сайри дарё кард умре дар тамошое ҳануз
Тар нашуд аз қатраи обе гулӯи офтоб.
То ки ҷон бошад ба тан, пӯям раҳи девонагӣ,
Сояро пайваста бошад ҷустуҷӯи офтоб.
Гар задам лофи муҳаббат дар ғамат маъзур дор,
Зарраро айбе набошад орзуи офтоб.
Рафт, Махфӣ, шуълаи оҳи ту бас бар осмон,
Шуд ниҳон дар барқи оташ мӯ ба мӯм офтоб.