Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Зи ҷабри аҳли ситам дӯстон, чӣ чора кунам?

Зи ҷабри аҳли ситам дӯстон, чӣ чора кунам? Ба ғайри он ки гиребони сабр пора кунам. Куҷост ҷазбаи девонагии мадҳушӣ! Ки аз миёни ҷафопешагон канора кунам. Хумори бодаи мастиву чашми хоболуд, Ба базми бодакашон то ба кай назора кунам? Миёни мардуми бегона рози пинҳонро Чу нест маҳрами розе, чӣ ошкора кунам? Замона бар сари озори мост, эй Махфӣ, Биё, ки хонаи дилро зи санги хора кунам.