Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

То ном зи ишқи ёр бурдем

То ном зи ишқи ёр бурдем, З-оинаи дил ғубор бурдем. Азбаски зи дида хун фишондем, Равнақ зи гули баҳор бурдем. Аз оташи ишқ чун самандар Сар то ба қадам шарор бурдем. Нодида рухат чу лола рафтем, Доғи ту ба ҳар диёр бурдем. Махфӣ, ба раҳи вафо чу симоб Аз оташи дил қарор бурдем.