Дилам то кай чу парвона ба гирди шамъи ғам гардад?
Дилам то кай чу парвона ба гирди шамъи ғам гардад?
Шарори шуълаи оҳам ба фарқи сар алам гардад.
Наёяд шаммае таҳрир аз шарҳи ғами ҳиҷрон,
Муҳаррир ҳар сари ангушт гар мисли қалам гардад.
Нагардад рост, эй Махфӣ, ниҳоли қомате, к-аз ғам
Ба ҳангоми туфулият чу тори зулф хам гардад.