Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Дӯш бо гул сӯҳбате бар ёди булбул доштам

Дӯш бо гул сӯҳбате бар ёди булбул доштам, Чун суроҳӣ дар гулӯ то субҳ қулқул доштам. Лахти дил мешуд маро бар оташи ҳиҷрон кабоб, Ғам анисам буд, аз хуни ҷигар мул доштам. Баски хуни дида афшондам бар атрофи чаман, Ҳар тараф кардам нигаҳ, сад хирмани гул доштам. Медарояд ҳар нафас бар ман ғаме аз ҷонибе, Баҳри маҳрумии айше ман тағофул доштам. Махфиё, раҳме ба ҳоли ман, ки дар андӯҳу ғам Пеш аз ин ман бештар сабру таҳаммул доштам.