Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Мо гирифторони ишқу аз ҷаҳон осудаем

Мо гирифторони ишқу аз ҷаҳон осудаем, Пой то сар лаззати дардем, з-он осудаем. Базмгоҳи мо ғамистон асту бода хуни дил, Мастие дорем, к-аз кавну макон осудаем. Изтиробе дар парешонӣ ба зоҳир мекунем, В-арна з-истиғнои ҳиммат дар ниҳон осудаем. Гарчи по занҷир Махфӣ, рӯяд аз овози ғам, Шукри лиллаҳ, к-аз ҷафои ғамгинон осудаем.