Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Чанд дилро орзу дидани гулзорро?

Чанд дилро орзу дидани гулзорро? Саҳни қафас гулшан аст мурғи гирифторро. Дил, ки гарав шуд ба ишқ аз ғами ҳиҷрон чӣ бок? Ваъда қиёмат бувад толиби дидорро. Кам зи бараҳман машав дар равиши ошиқӣ К-аз раги ҷон меканад риштаи зуннорро. Лозимаи ошиқист бар сари дор омадан, Шод зи худ сохтан хотири ағёрро. Силсила дарё чу шуд, нола забунӣ кунад, Банди гарон зинат аст пои гаронборро. Кӯҳкан аз бедилӣ теша ба хоро занад, Нола бувад марҳаме синаи афгорро. Ҳар нафас аз хуни дил марди талабгори ишқ Рашки гулистон кунад маъракаи хорро. Ришта ба гардан кашон аз паи ҷаллоди ишқ, Боиси афзунӣ аст равнақи бозорро. Махфӣ агар нест раҳ ба гулистон чӣ ғам? Кас нашиносад зи ман сояи деворро.