Сахт душвор аст гуфтан маънии ногуфтаро
Сахт душвор аст гуфтан маънии ногуфтаро,
Сӯзани алмос бояд гавҳари носуфтаро.
Мекунад гар нола булбул дар чаман айбаш макун,
Сайри гулшан бишкуфонад хотири ошуфтаро.
Панҷаи ҳиммат нагирад домани яъсу умед,
Чун Зулайхо гар ба чанг орем умри рафтаро.
Умр шуд сарфи шумори рӯзи умр, эй бехабар,
Чанд чун тифлон нигаҳдорӣ ҳисоби ҳафтаро.
Махфиё, ашке зи чашми тарки беҳосил бувад,
Гар диҳад ҷорӯб мижгон хонақоҳи руфтаро.