Оташафрӯз шуда, то пари парвонаи мо
Оташафрӯз шуда, то пари парвонаи мо,
Рӯшноӣ надиҳад шамъ ба кошонаи мо.
Дида то чанд фишонад дури ашкам? Сад ҳайф
Муфт рафт аз кафи мо гавҳари якдонаи мо.
Баски афсонаи ҳаҷри ту зи ҳад афзун аст,
Умр охир шуду охир нашуд афсонаи мо.
Маи ишрат ба ҳарифони дигар деҳ соқӣ,
Ки зи хуноби ҷигар пур шуда паймонаи мо.
Бикушо силсилаи зулф, ки аз ҷазбаи ишқ
Ғайри занҷир набошад дили девонаи мо.
Киштии умр фурӯ рафт ба тӯфони аҷал,
Рафт бар боди фано оқибат ин хонаи мо.
Махфиё, то зи ҷигар шуъла барафрӯхтаӣ,
Гашта бӯстони Ирам
гӯшаи вайронаи мо.