Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Бе рӯи ёр бода бинӯшад касе чаро?

Бе рӯи ёр бода бинӯшад касе чаро? Рӯи риё ба ишқ фурӯшад касе чаро? Не нолае ба синаву не ашки ҳасрате, Бар рӯи булбулон нахӯрӯшад касе чаро? Бар раҳгузар ба бода ниҳода чароғи умр Бар тан либоси фикр напӯшад касе чаро? Рӯзи азал чу гашта муқаддар насиби кас, Чандин ба деги ҳирс биҷӯшад касе чаро? Махфӣ, чу рози ғайр нуҳуфтан зи дониш аст, Рози даруни хеш напӯшад касе чаро?