Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Бар муроди мо на ин гардуни дун кам меравад

Бар муроди мо на ин гардуни дун кам меравад, Бар муроди дигарон ҳам гардани хам меравад. Ин дилозорӣ фалак бо мо на танҳо мекунад, Расму ойин аст, к-аз даврони Одам меравад. Нестам озурдахотир чун ба даври рӯзгор, Шодмонӣ даст дар оғӯши мотам меравад. Нозанинон по ниҳанд аз ноз ҳар ҷо бар замин, Ҳамчу Маҷнун сад ҳазоронро фароҳам меравад. Нест он бедоди захми ишқро лаззатшинос, К-аз паи Исои Марям баҳри марҳам меравад. Шишаро соқӣ, даҳан бикшо, ки аҳли завқро Ҳайф меояд бар он умре, ки бо ғам меравад. Тарки худроӣ намо, эй дил, ки дар даргоҳи ишқ Ҳар ки меояд зи худ бегона, маҳрам меравад. Махфиё, наздики аҳли ҳиммат аз беҳимматист Бар забон онро, ки зикри номи Ҳотам меравад.