Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Баски бедоду ситам бар ман зи гардун меравад

Баски бедоду ситам бар ман зи гардун меравад, Мурғи рӯҳам аз қафас ҳар лаҳза берун меравад. Хӯрдаам хуни ҷигар чандон ки чун банди ҳиной, Ҷои об аз дидаи ман ашки гулгун меравад. Он чунон ҷо кард меҳрат андаруни синаам, Не ба панду не ба ҷабру не ба афсун меравад. Бе ҷароҳат нест як дил андаруни синаам, Баски дар дилҳо хаёлат баҳри шабхун меравад. Оби ҳайвон гар шавад дарёву Хизраш нохудо, Киштии баҳри забун дар мавҷаи хун меравад. Матлаб аз ҷоҳу бузургӣ дил ба даст овардан аст, В-арна, Махфӣ, дар замин ҳам ганҷи Қорун меравад.