Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Сиришки дидаам имшаб чунон мастона меояд

Сиришки дидаам имшаб чунон мастона меояд, Ки пиндорӣ бурун аз тан дили девона меояд. Ба хун оғушта дил чандон ба зери хок пинҳон шуд, Ки санги дарди ғам бар синаи девона меояд. Машав мағрури ҷоҳ эй дил, ки ҳар сӯ гӯш андозӣ Садои ганҷи Қорун з-ин куҳан вайрона меояд. Ба пои шамъ шуд умре, намебинам пару боле, Ниҳон аз дидаи мардум магар парвона меояд? Зи бас завқи ҷунун дорад зи роҳи бехудӣ ҳар дам, Ба тавфи машҳади девонаат фарзона меояд. Гирифтам он чунон улфат ба ҳам чашми ғами Махфӣ, Ки дар чашми хаёли оқибат бегона меояд.