Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Офтоби ҳусн ҳар ҷо оташафшон мешавад

Офтоби ҳусн ҳар ҷо оташафшон мешавад, Соябонаш турраи зулфи парешон мешавад. Гар ба чашми тарбият бинад фурӯғи офтоб, Ҳар куҷо санге бувад, лаъли Бадахшон мешавад. Аз сабо беҳуда гулшан бори миннат мекашад, Хуни чашми булбулон зеби гулистон мешавад. Шуд зи дасти гиря охир хонаи чашмам хароб, Сел чун ояд ба пои Каъба, вайрон мешавад. Ҳаққи Маҷнун аст тарки кӯи Лайлӣ гар кунад, Ишқ чун ғолиб шавад, маскан биёбон мешавад. Ғам, ки аз ҳад шуд фузун бошад нишони хуррамӣ, Хор чун ҳамчашм шуд бо ғунча хандон мешавад. Гар ба ҷӯш ояд танури дидаи ғамдидагон, Нохудо гар Нӯҳ бошад ғарқи тӯфон мешавад. Махфиё, чун андалебон аз парешонӣ манол, Сабр кун, к-аз сабр кор охир ба сомон мешавад.