Эй ки аз зулфи сияҳ бар рух ниқоб андохтӣ
Эй ки аз зулфи сияҳ бар рух ниқоб андохтӣ,
Оташе дар синаи ҷони кабоб андохтӣ!
Беқарор аст мавҷи симоби рухат бар абрувон,
Акси рухсорат магар бар рӯи об андохтӣ?
Аз нигоҳат оби май хосияти оташ гирифт,
Хуш нигоҳи дилрабое аз шароб андохтӣ!
То чароғи гул зи акси шамъи рух афрӯхтӣ,
Булбулу парвонаро дар изтироб андохтӣ.
Дар дили вайрони ман тухми муҳаббат коштӣ,
Чашми маъмурӣ бар ин мулки хароб андохтӣ.
Роҳи хобам зад хаёлат дар либоси шабравӣ,
Аз хаёле сад халал дар мулки хоб андохтӣ.
Партави рухсораи хуршед оламгир шуд,
Соя то мисли ҳумо бар офтоб андохтӣ.
Гашт Махфӣ оқибат сели сиришк аз мавҷҳо
Киштии уммедро дар мавҷи об андохтӣ.