Туву сайри боғу гулшан, ману кӯи бенавоӣ
Туву сайри боғу гулшан, ману кӯи бенавоӣ,
Туву айшу шодмонӣ, ману оташи ҷудоӣ.
Туву ҳукму комронӣ, ману меҳнати асирӣ,
Туву тарзи худнамоӣ, ману дар ба дар гадоӣ.
Туву теғи ҷонситонӣ, ману захми ноумедӣ,
Ману дайру бутпарастӣ, туву даъвии худоӣ.
Чӣ кунам? Чӣ чора созам, ба ту эй маҳи ситамгар?
Ману доғи ошноӣ, туву расми бевафоӣ!
На кунам шикоят аз ту, ба ту он чи метавонӣ,
Ки зи қайди ишқи хубон набувад дигар раҳоӣ.
Чу камони абрувонат, ки ниҳад хаданги ҷонам,
Ба умеди он, ки рӯзе ба ғалат зи дар дароӣ.
Ҳама умр дида Махфӣ, ба раҳе умедворам,
Ба умеди он, ки шояд ба хаёли ӯ дароӣ.