Шаҳкитоби вақтро асрори ҳар бобем мо,
Шаҳкитоби вақтро асрори ҳар бобем мо,
Ҳар яке дар зиндагонӣ ганҷи ноёбем мо.
Ҳастии мо ҷавҳари буду набуди олам аст,
Хешро ҳар лаҳзае аз хеш дарёбем мо.
Ҳар нафас аз зиндагонӣ печутобе мехурем,
Дар миёни баҳри ҳастӣ ҳамчу гирдобем мо.
Шишаи дил аз ғубори зиштиҳо олуда нест,
Ҳамчу ашки тифл дар оина метобем мо.
Гар баҳори орзу аз ҳар диле сар мешавад,
Дар канори олами андеша шодобем мо.
Эй хайёл, имруз боз омадаи павоз шав,
Рузҳои рафтаи умр аз куҷо ёбем мо.