Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Сармад
Сармад

Ёри Ғазза

Нӯшам шароби ваҳдат аз дасти ёри Ғазза, Масти ду оламам ман андар хумори Ғазза. Ҳар ҷо, ки меравам ман дар ҷодаҳои қисмат, Бар дӯши орзуям пайваста бори Ғазза. Ангуштари хайёлам ҳар субҳ гашта хуршед, Равшангари намояд аз обшори Ғазза. Бо сурати баҳораш нурибиҳишт омад, Ҳар гул фариштарӯшуд андар баҳори Ғазза. Сармад ба сад ниёиш хоҳад, ки дасти Яздон, Ганҷи замину гардун созад нисори Ғазза.