Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Аз куфру ислом бурун саҳроест
Аз куфру ислом бурун саҳроест, Моро ба миёни он фазо савдоест. Ориф чу бадон расид, сар барбинеҳад, На куфру на ислому на он ҷо ҷоест.
Махусб, ай ёри миҳмондор, имшаб
Махусб, ай ёри миҳмондор, имшаб, Ки ту рӯҳиву мо бемор имшаб! Бурун кун хобро аз чашми асрор, Ки то пайдо шавад асрор имшаб!
Ало, ай рӯйи ту сад моҳу маҳтоб
Ало, ай рӯйи ту сад моҳу маҳтоб, Магӯ «Шаб гашту бегаҳ гашт, биштоб!» Маро дар сояат, ай Каъбаи ҷон, Ба ҳар масҷид зи хуршед аст миҳроб!
Миҳмони туам, ай ҷон, зинҳор махусб имшаб
Миҳмони туам, ай ҷон, зинҳор махусб имшаб, Ай ҷону дили миҳмон, зинҳор махусб имшаб! Рӯйи ту чу бадр омад, имшаб шаби қадр омад, Ай шоҳи ҳама хубон, зинҳор маху
З-он шоҳиди шаккарлаб, з-он соқии хушмазҳаб
З-он шоҳиди шаккарлаб, з-он соқии хушмазҳаб Ҷон маст шуду қолаб, ай дӯст, махусб имшаб! З-он нури ҳама олам ҳар шева ҳаменолам, То бишнавад аҳволам, ай дӯст, ма
Пеш каш он шоҳи шаккархонаро
Пеш каш он шоҳи шаккархонаро, Он гуҳари равшани дурдонаро! Он шаҳи фаррухрухи бемислро, Он маҳи дарёдили ҷононаро!
Дод диҳӣ соғару паймонаро
Дод диҳӣ соғару паймонаро, Моя диҳӣ маҷлису майхонаро! Маст кунӣ наргиси махмурро, Пеш кашӣ он бути дурдонаро!
Бода диҳ он ёри қадаҳбораро
Бода диҳ он ёри қадаҳбораро, Ёри турушрӯйи шакарпораро! Мангар он сӯй, бад-ин сӯ кушо Ғамзаи ғаммозаи хунхораро!
Дар бари мо шудаст дилбари мо
Дар бари мо шудаст дилбари мо, Гули мо беҳад асту шаккари мо! Мо ҳамеша миёни гулшакарем, З-он дили мо қавист дар бари мо!
Ҳала, ай киё, нафасе биё
Ҳала, ай киё, нафасе биё, Дари айшро сара баркушо! Ин фалон чи шуд, он фалон чи шуд, Набувад маро сари моҷаро!
Муборакӣ, ки бувад дар ҳама арӯсиҳо
Муборакӣ, ки бувад дар ҳама арӯсиҳо, Дар ин арӯсии мо бод, ай Худо, танҳо! Муборакии шаби қадру моҳи рӯзаву ид, Муборакии мулоқоти Одаму Ҳавво!
Гар ту удӣ, сӯйи ин миҷмар биё
Гар ту удӣ, сӯйи ин миҷмар биё, В-ар биронандат зи бом, аз дар биё! Юсуфӣ, аз чоҳу зиндон чора нест, Сӯйи заҳри қаҳр чун шаккар биё!
Агар он майе, ки хӯрдӣ, ба саҳар набуд гиро
Агар он майе, ки хӯрдӣ, ба саҳар набуд гиро, Биситон зи ман шаробе, ки қиёматаст, ҳаққо! Чи тафарруҷу тамошо, ки расад зи ҷоми аввал, Дувумаш, наъузубиллаҳ, чӣ
Биравед, ай ҳарифон, бикашед ёри моро
Биравед, ай ҳарифон, бикашед ёри моро, Ба ман оваред охир санами гурезпоро! Ба баҳонаҳои ширин, ба таронаҳои заррин Бикашед сӯйи хона маҳи хуби хушлиқоро!
Бо чунин шамшери давлат ту забун монӣ чаро?!
Бо чунин шамшери давлат ту забун монӣ чаро?! Гавҳаре бошиву аз санге фурӯ монӣ чаро?! Мекашад ҳар каргасе аҷзотро ҳар ҷонибе, Чун на мурдорӣ ту, балки бози ҷоно
Чу ӯ бошад дилу дилсӯз моро
Чу ӯ бошад дилу дилсӯз моро, Чӣ бошад шаб, чӣ бошад рӯз моро?! Ки хуршед ар фурӯ шуд, ар баромад, Бас аст ин ҷони ҷонафрӯз моро!
Аз қаноат ҳеҷ кас беҷон нашуд
Аз қаноат ҳеҷ кас беҷон нашуд, В-аз ҳарисӣ ҳеҷ кас султон нашуд.
Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест
Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест, Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест. Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ, Пас аз шоҳӣ, гадоӣ маслиҳат нест.
Пири ману муроди ман
Пири ману муроди ман, Дарди ману давои ман, Рост бигӯям ин сухан: Шамси ману худои ман!
Ошиқон нақши хаёли ту чу бинанд ба хоб,
Ошиқон нақши хаёли ту чу бинанд ба хоб, Эй басо сел, ки аз дидаи гирён оранд. Хунук он рӯзу хуш он вақт, ки дар
Дар жанда даро як дам, то зиндадилон бинӣ
Дар жанда даро як дам, то зиндадилон бинӣ, Атлас бадар андозӣ, ҳамжанда шавӣ бо мо.
Зоҳиди кишваре будам, воизи минбаре будам
Зоҳиди кишваре будам, воизи минбаре будам, Кард қазои дил маро ошиқи кафзанони ту.
Офтобе бе зи Шарқу бе зи Ғарб аз ҷон битофт
Офтобе бе зи Шарқу бе зи Ғарб аз ҷон битофт, Зарравор омад ба рақс аз вай дару девори мо.
Ай ёри қамарсимо, ай мутриби шаккархо
Ай ёри қамарсимо, ай мутриби шаккархо, Овози ту ҷонафзо, то рӯз машин аз по! Судӣ, ҳамагӣ судӣ, бар ҷумла барафзудӣ, То буд, чунин будӣ, то рӯз машин аз по!
Маъшуқа ба сомон шуд, то бод, чунин бодо!
Маъшуқа ба сомон шуд, то бод, чунин бодо! Куфраш ҳама имон шуд, то бод, чунин бодо! Мулке, ки парешон шуд, аз шумии шайтон шуд. Боз они Сулаймон шуд, то бод, чу