Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Ошиқ шудаам бар ту тадбир чӣ фармоӣ?
Ошиқ шудаам бар ту тадбир чӣ фармоӣ? Аз роҳи салоҳ оям, ё аз раҳи расвоӣ? То ҷону дилам бошад, чун ҷону дилат ҷӯям, Ё ман ба канор афтам ё ту ба миён оӣ?
Достони Ҳоррунурашид бо Ҳаҷҷом
Даври хилофат чу ба Ҳорун расид, Рояти Аббос ба гардун расид. Нимшабе пушт ба ҳамхоба кард, Рӯй дар осоиши гармоба кард.
Достони Ҷамшед бо хоссагии маҳрам
Хоссагие маҳрами Ҷамшед буд, Хостар аз моҳ ба хуршед буд. Кори ҷавонмард бад-он даркашид, К-аз ҳама олам маликаш баркашид.
Достони кӯдаки маҷруҳ
Кӯдаке аз ҷумлаи озодагон Рафт бурун бо ду-се ҳамзодагон, Пояш аз он пӯя даромад зи даст, Меҳри дилу муҳраи пушташ шикаст.
Достони маликзодаи ҷавон ва душманони пир
Қисса шунидам, ки дар ақсои Марв Буд маликзода ҷавоне чу сарв. Музтариб аз давлатиёни диёр, Мулк бар ӯ шефта чун рӯзгор.
Достони ҳоҷӣ ва суфӣ
Каъбараве азми раҳ оғоз кард, Қоидаи каъбаравон соз кард. З-он чи фузун аз ғарази кор дошт, Маблағи як бадраи динор дошт.
Достони мевафурӯш ва рӯбоҳ
Мевафурӯше, ки Яман ҷош буд, Рӯбаҳаке хозини колош буд. Чашми адаб бар сари раҳ доштӣ, Кулбаи баққол нигаҳ доштӣ.
Достони Фаридун бо оҳу
Субҳдаме бо ду-се аҳли дарун Рафт Фаридун ба тамошо бурун. Чун ба шикор омад дар марғзор, Оҳу-яке дид Фаридуншикор.
Достони пиразан бо султон Санҷар
Пиразанеро ситаме даргирифт, Даст зад домани Санҷар гирифт, К-эй малик, озарми ту кам дидаам, В-аз ту ҳамасола ситам дидаам.
Ҷон чароғ асту ақл равғани ӯ
Ҷон чароғ асту ақл равғани ӯ, Ақл ҷон асту дониш аст тани ӯ.
Ҳар кӣ дар ӯ ҷавҳари доноияст
Ҳар кӣ дар ӯ ҷавҳари доноияст, Бар ҳама кораш тавоноияст.
Ҷавон гарчи шоҳи далерон бувад
Ҷавон гарчи шоҳи далерон бувад, Гаҳи чора мӯҳтоҷи пирон бувад.