Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин танҳоӣ, модар, Ту монанди замин яктоӣ, модар. Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Сари гӯри ту биншастам даме чанд
Сари гӯри ту биншастам даме чанд, Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд. Зи санги сарди болои мазорат Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?
Дареғо, модари пирам, дареғо
Дареғо, модари пирам, дареғо, Чароғи бахту тақдирам, дареғо. Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир, Кунун бе ту замингирам, дареғо.
Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман
Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман, Худои умри ман, пайғамбари ман. Сарам дар бистари марг аст имрӯз Биё аз гӯру биншин бар сари ман.
Бигзашт ҷавониям ба афсонаи дил
Бигзашт ҷавониям ба афсонаи дил, Ман мондаму дард монду вайронаи дил.
То пасту баланди зиндагонӣ бошад
То пасту баланди зиндагонӣ бошад, Лағжидани мард ногаҳонӣ бошад.
Ҳарчанд чораи дили бечораи манӣ
Ҳарчанд чораи дили бечораи манӣ, Тасвири нотамоми ман - ангораи манӣ.
Шабе, ки охирин ҳарфи ҷудоӣ қотили ман буд
Шабе, ки охирин ҳарфи ҷудоӣ қотили ман буд, Чароғи хонаат ҳам мурда монанди дили ман буд.
Диламро дар кафат додам, надидӣ
Диламро дар кафат додам, надидӣ, Гулистон ҳадяат кардам, начидӣ. Пас аз он, ки баҳори ман хазон шуд, Чу бод андар хазони ман вазидӣ.
Паси дунё давидему давидем
Паси дунё давидему давидем, Ғами дунё кашидему кашидем. Ба поёни раҳи сарманзили умр Ба гӯристон расидему расидем.
Куҷоӣ, ёри деринам, куҷоӣ
Куҷоӣ, ёри деринам, куҷоӣ? Куҷоӣ, Моҳу Парвинам, куҷоӣ? Туро гум карда будам рӯзи равшан, Кунун дар хоб мебинам, куҷоӣ?
Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод
Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод, Нагӯям эй дареғ, эй вой, эй дод! Валекин аз хиёнатҳои ёрон Диле чун бишканад, фарёду фарёд!
Рӯзе, ки аҷал барад маро аз дунё
Рӯзе, ки аҷал барад маро аз дунё, Аз дидаи хуршед шавам нопайдо. Бо пирии худ ҷаҳон ҷавон хоҳад монд, Бе будани ман хушк нагардад дарё.
Гуфтанду ман ҳам гуфтаам
Гуфтанду ман ҳам гуфтаам, эй дӯстон, ëдам кунед, Рафтанду ман ҳам рафтаам, эй дӯстон, ëдам кунед.
Ду чашми бегуноҳи ту маро кушт
Ду чашми бегуноҳи ту маро кушт, Нигоҳи бепаноҳи ту маро кушт. Намурдам аз ҳазорон қасду буҳтон, Як оҳи ту, як оҳи ту маро кушт.
Ман он риндам, ки исён пеша дорам
Ман он риндам, ки исён пеша дорам, Ба дасте ҷому дасте шиша дорам. Агар ту бегуноҳи рав малак шав, Ман аз Ҳаввову Одам реша дорам!
Зи сад анҷом як оғоз беҳтар
Зи сад анҷом як оғоз беҳтар, Зи сад хомӯшӣ як овоз беҳтар. Худоро мешиносӣ, ҳамдулиллаҳ, Агар худро шиносӣ, боз беҳтар.
Хазонрезу хазонрезу хазонрез
Хазонрезу хазонрезу хазонрез, Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез? Чаро одам надонад қимати умр? Чаро ночиз гардад аз паи чиз?
Имшаб ки дар ин базм ҳама якҷоем
Имшаб ки дар ин базм ҳама якҷоем, Аз суҳбати ҳамдигар даме осоем. Ҷамъияти ин базм ғанимат шумарем, То боз кӣ донад, ки куҷо ҷамъ оем?
Аз баҳри хокиён ба само гиря мекунам
Аз баҳри хокиён ба само гиря мекунам, Бинед аз куҷо ба куҷо гиря мекунам. Сад оҳ дар гулӯи ман печида, рӯзу шаб Бар тоҷикони зиндаҷудо гиря мекунам.
Дардову шигифто, аҷали масхарабоз
Дардову шигифто, аҷали масхарабоз, Фарқияти мурдагон намебинад соз, Сад зиндадиле бимираду хок шавад, Дилмурда бурун зи хок мемонад боз.
Рӯзе, ки ба дил муҳаббат оғоз кунӣ
Рӯзе, ки ба дил муҳаббат оғоз кунӣ, Бе болу паре ба арш парвоз кунӣ. Дар роҳи нишеби умр шав сарафроз, Пул нест ҷавонӣ, ки пасандоз кунӣ.
То ном физоӣ, нафси худро кам кун
То ном физоӣ, нафси худро кам кун, Одамгарӣ кун, валек бо одам кун. Мегуфт даравгаре ба ман вақти дарав: Чун хӯшаи гандум ба замин сар хам кун.
Ӯ кист ҷавон асту ҷавонӣ накунад?
Ӯ кист ҷавон асту ҷавонӣ накунад? Бо ҳусни ҷавонӣ дилситонӣ накунад? Ҳар кӣ зи хушиҳои ҷавонӣ дур аст, Беҳтар бувадо, ки зиндагонӣ накунад.
Бе ту дили ман барои ман зиндон аст,
Бе ту дили ман барои ман зиндон аст, Бе ту сари ман чун ду ҷави арзон аст. Ман зинда ҳанӯз, лек бе будани ту Ин хонаи холӣ ҳамчу гӯристон аст.