Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад
Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад, Пешрафту беҳтарӣ ҷонро яқин бо илмҳост. Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ, Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан
Мондам қадами хеш чу дар сайр ба олам
Мондам қадами хеш чу дар сайр ба олам, Вақфи нигаҳам гашт ҳама ҳастии дунё. Ҷуз риш зи ҳайрат ба кафу судани дандон, Андар назарам чизи дигар нест ҳувайдо.
Зи тақдиру аз гардиши сарнавишт
Зи тақдиру аз гардиши сарнавишт, Шикоят кунам бар Худованд ман. Ҷавонӣ гирифт ӯ, ҷавон аст худ, Ман оҳанрабо гаштам, оҳан миҳан.
Аё мижгонсиёҳ, оё на ҳар як духтару занро
Аё мижгонсиёҳ, оё на ҳар як духтару занро, Зи рӯйи хислати хубе ба май ташбеҳ месозанд? Чу май ҳастанд тиллоӣ, ки душман бохабар з-онҳо, Ба дасти содиқон афтанд
Чӣ қавме, ки ҳосид ба фазли мананд
Чӣ қавме, ки ҳосид ба фазли мананд, Зи ғайбат бихоҳанд азоби маро. Камолу фану ҳикматам сарзаниш Намоянд аз нуқси худ ҳар куҷо.
Майли ман бар мунтаҳои мақсади олӣ бувад
Майли ман бар мунтаҳои мақсади олӣ бувад, Пояи поён нахоҳад ҳеҷ гаҳ хотир маро. Хоҳам ин, ки ворасам то қуллаи мақсуди худ, Ё ки дар ин роҳ хобонад аҷал охир ма
Ба пурсиши ҳама кас сирри хеш пинҳон кун
Ба пурсиши ҳама кас сирри хеш пинҳон кун, Касе, ки боҳазар аст, ӯ бувад мулоҳизакор. Асири туст ҳама сиррат, ар ниҳон дорӣ, Асири сир бишавӣ, гар ҳамекунӣ изҳор
Хаста гардидам зи мижгоне, ки мебошад сиҳат
Хаста гардидам зи мижгоне, ки мебошад сиҳат, Ҳам касал созанд онҳо, ҳам парасторӣ, яқин. Лутф бар ман кун висолатрову хушбахтам намо, Медиҳад табдил ҷавҳарро ар
Бипарҳезу ҳазар кун, мабодо, ки расад бар ту
Бипарҳезу ҳазар кун, мабодо, ки расад бар ту, Дами гуфтори шамшерам ва ё шамшери гуфторам.
Хост аз гесӯи худ шабро кунад зоҳир, вале
Хост аз гесӯи худ шабро кунад зоҳир, вале Рахшиши рӯяш надод имкон, ки шабро оварад.
Соҳибони мансаби олӣ ҷамодон гаштаанд
Соҳибони мансаби олӣ ҷамодон гаштаанд, Эй аҷаб, чизи ҷамодӣ мекунад нашъунамо.
Пинҳон роҳи дуруст бувад баҳри ҷоҳилон
Пинҳон роҳи дуруст бувад баҳри ҷоҳилон, Он сон, ки офтоб ба кӯрон аён нашуд.
Шавам девона з-он чизе, ки аксар дорамаш пинҳон
Шавам девона з-он чизе, ки аксар дорамаш пинҳон, Ҳар он чизе, ки мебинам, на ҷин мебинаду инсон. Гирифтори ҳалокатҳо шудам з-ин корҳо охир, Кадомин як сипар тоқ
Ин манозил ёди онҳоро намесозӣ магар?
Ин манозил ёди онҳоро намесозӣ магар? Ҷояшон шуд маҳв бар тарзе, ки нашносӣ дигар. Солҳо шустанд асарҳои манозилро тамом, Ончунон ки дида рухро шуст аз хуни ҷиг
Нӯшидани бисёрро одат магиру гӯш кун
Нӯшидани бисёрро одат магиру гӯш кун: Аз бода қонеъ шав ба кам, гоҳею андаран нӯш кун. Гулрангу рухафрӯз май ҳар рӯз хуш бошад ба кас, Аммо гурусна гар туӣ, нӯш
Мурдему он чиро ки бо худ бурдем
Мурдему он чиро ки бо худ бурдем, Ин аст, ки донистем, ки ҳеҷ надонистем.
Бузург гаштаму майдон васеъ нест маро
Бузург гаштаму майдон васеъ нест маро, Фузуд қимати ман, муштарист нопайдо!
Ҳар кӣ хоҳад, ки мубтало нашавад
Ҳар кӣ хоҳад, ки мубтало нашавад, Пушт нанҳад ба тобаи ҳаммом.
Ғизои худ зи қалои наргисе созад
Ғизои худ зи қалои наргисе созад, Ба шарти он ки зи дигар ғизо бипарҳезад.
Эй қодири бетаҳайюру бесонӣ
Эй қодири бетаҳайюру бесонӣ, Моро ба уқубат ба чӣ метарсонӣ? Чун нест ба дасти ҳеҷ кас, медонӣ, Дар кор ту оҷизию саргардонӣ.
Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме
Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме, Саргашта ба олам аз паи чистаме. Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме, В-арна ба ҳазор дида бигристаме.
Бар сафҳаи чеҳраҳо хати ламязалӣ
Бар сафҳаи чеҳраҳо хати ламязалӣ, Маъкус навиштааст номи ду Алӣ. Як лому ду айн бо ду ёи маъкус Аз ҳоҷибу анфу айн бо хатти ҷалӣ.
Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ
Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ, Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ. Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ишва махар, К-аз дӯст бароию ба душман бирасӣ.
Эй дар ду нафас умри ту афзоянда
Эй дар ду нафас умри ту афзоянда, Бодест нафас, шавандаву оянда. Бар бод ниҳодаӣ бинои ҳама умр, Бар бод куҷо бувад бино поянда?
Моем ба афви ту тавалло карда
Моем ба афви ту тавалло карда, Дар тоату маъсият табарро карда. Он ҷо, ки инояти ту бошад, бошад Нокарда чу карда, карда чун нокарда.