Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Ман дар нафаси шитоби худ хоҳам зист
Ман дар нафаси шитоби худ хоҳам зист, Дар ҳар варақи китоби худ хоҳам зист. То ҳастаму ҳаст зулму зулмат ба ҷаҳон, Дар хандаи офтоби худ хоҳам зист.
Дар осмон ситорае аз шарми бекасӣ
Дар осмон ситорае аз шарми бекасӣ, Худро ба дори гардани маҳтоб мекашид. Ёди висоли ботиле аз шаҳраги хаёл, Бо сӯзани фироқи ман зардоб мекашид.
Бимон гулбарги рӯйи ман хазон гардад
Бимон гулбарги рӯйи ман хазон гардад, Ту умре бехазону гулфишон бошӣ. Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ, Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ!