Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
То мард сухан нагуфта бошад
То мард сухан нагуфта бошад, Айбу ҳунараш нухуфта бошад. Ҳар беша гумон мабар, ки холист, Шояд, ки паланг хуфта бошад.
Дида аз дидори хубон баргирифтан мушкил аст
Дида аз дидори хубон баргирифтан мушкил аст, Ҳар кӣ моро ин насиҳат мекунад, беҳосил аст. Ёри зебо гар ҳазорат ваҳшат аз вай дар дил аст, Бомдодон рӯи ӯ дидан с
Эй ки аз сарви равон қадди ту чолоктар аст
Эй ки аз сарви равон қадди ту чолоктар аст, Дил ба рӯи ту зи рӯи ту тарабноктар аст. Дигар аз ҳарбаи ҳунхори аҷал нандешам, Ки на аз ғамзаи хунрези ту нобоктар
Ишрат хуш асту бар тарафи ҷӯй хуштар аст
Ишрат хуш асту бар тарафи ҷӯй хуштар аст, Май бар самоъи булбули хушгӯй хуштар аст. Айш аст бар канори суманзор хоби субҳ, Не, дар канор ёри суманбӯй хуштар аст
Чашмат хуш асту бар асари хоб хуштар аст
Чашмат хуш асту бар асари хоб хуштар аст, Таъми даҳонат аз шакари ноб хуштар аст. Зинҳор аз он табассуми ширин, ки мекунӣ, К-аз хандаи шукуфаи сероб хуштар аст.
Афсӯс бар он дида, ки рӯи ту надидаст
Афсӯс бар он дида, ки рӯи ту надидаст, Ё дидаву баъд аз ту ба рӯе нигаридаст. Гар муддаъиён нақш бибинанд париро, Донанд, ки девона чаро ҷома даридаст.
Иттифоқам ба сари кӯи касе афтодаст
Иттифоқам ба сари кӯи касе афтодаст, Ки дар он кӯй чу ман кушта басе афтодаст. Хабари мо бирасонед ба мурғони чаман, Ки ҳамовози шумо дар қафасе афтодаст.
Бӯи гулу бонги мурғ бархост
Бӯи гулу бонги мурғ бархост, Ҳангоми нишоту рӯзи саҳрост. Фарроши хазон варақ бияфшонд, Наққоши сабо чаман биёрост.
Нашояд гуфтан он касро диле ҳаст
Нашояд гуфтан он касро диле ҳаст, Ки надҳад бар чунин сурат дил аз даст. На манзуре, ки бо ӯ метавон гуфт, На хасме, к-аз камандаш метавон ҷаст.
Дер омадӣ, эй нигори сармаст
Дер омадӣ, эй нигори сармаст, Зудат надиҳем доман аз даст. Бар оташи ишқат оби тадбир Чандон ки задем, боз наншаст.
Чунон ба мӯи ту ошуфтаам, ба бӯи ту маст
Чунон ба мӯи ту ошуфтаам, ба бӯи ту маст, Ки нестам хабар, аз ҳар чӣ дар ду олам ҳаст. Дигар ба рӯи касам дида бар намебошад, Халили ман ҳама бутҳои озарӣ бишик
Чӣ дилҳо бурдӣ, эй соқӣ, ба соқи фитнаангезат
Чӣ дилҳо бурдӣ, эй соқӣ, ба соқи фитнаангезат, Дареғо бӯса чанде бар занахдони диловезат. Хаданги ғамза аз ҳар сӯ ниҳон андохтан то кай? Сипар андохт ақл аз дас
Мапиндор аз лаби шириниборат
Мапиндор аз лаби шириниборат, Ки коме ҳосил ояд бе марорат. Фироқ афтад миёни дӯстдорон, Зиёну суд бошад дар тиҷорат.
Бандавор омадам ба зинҳорат
Бандавор омадам ба зинҳорат, Ки надорам силоҳи пайкорат. Муттафиқ мешавам, ки дил надиҳам, Муътақид мешавам дигар борат.
Дӯст дорам, ки бипӯшӣ рухи ҳамчун қамарат
Дӯст дорам, ки бипӯшӣ рухи ҳамчун қамарат, То чу хуршед набинанд ба ҳар бому дарат. Ҷурми бегона набошад, ки ту худ сурати хеш Гар дар оина бибинӣ, биравад дил
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст, Дар парешонҳолию дармондагӣ!
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон, Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор.
Дӯст машмор он ки дар неъмат занад,
Дӯст машмор он ки дар неъмат занад, Лофи ёрию бародархондагӣ.
Бе ранҷу ҷафо соҳиби унвон нашавӣ
Бе ранҷу ҷафо соҳиби унвон нашавӣ, Бар тахт рави вале Сулаймон нашавӣ. Дар асл агар нест Худо дар дили ту, Сад бор ба хаҷ рави мусалмон нашавӣ.
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст, Чун ба пои худ равон гаштем саргардон шудем.
Биё, ки дар ғами ишқат мушаввашам бе ту,
Биё, ки дар ғами ишқат мушаввашам бе ту, Биё, бибин, ки дар ин ғам чӣ нох(в)ашам бе ту. Шаб аз фироқи ту менолам, эй парирухсор, Чу рӯз гардад, гӯӣ дар оташам б
Макун ғайбат агар ақлат тамом аст
Макун ғайбат агар ақлат тамом аст, Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст. Агар айби ту гардад бар ту зоҳир, Ба айби кас куҷо пардози охир.
Хурмо натавон хӯрдан аз ин хор, ки киштем
Хурмо натавон хӯрдан аз ин хор, ки киштем, Дебо натавон кардан аз ин пашм, ки риштем. Бар ҳарфи маосӣ хати узре накашидем, Паҳлуи кабоир ҳасаноте нанавиштем.
Ту бар тахти султонии хеш бош
Ту бар тахти султонии хеш бош, Ба ахлоқи покиза дарвеш бош.
Аз мукофоти амал ғофил машав
Аз мукофоти амал ғофил машав, Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.