Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Хурмо натавон хӯрдан аз ин хор, ки киштем

Хурмо натавон хӯрдан аз ин хор, ки киштем, Дебо натавон кардан аз ин пашм, ки риштем. Бар ҳарфи маосӣ хати узре накашидем, Паҳлуи кабоир ҳасаноте нанавиштем. Мо куштаи нафсему бас овах, ки барояд Аз мо ба қиёмат, ки чаро нафс накуштем. Афсус бар ин умри гаронмоя, ки бигзашт Мо аз сари тақсиру хато дарнагузаштем. Дунё, ки дар ӯ марди Худо гил насириштаст, Номард, ки моем чаро дил бисириштем. Эшон чу малах дар сари зонуи риёзат, Мо мӯри миёнбаста давон бар дару даштем. Пириву ҷавонӣ пайи ҳам чун шабу рӯзанд, Мо шаб шуду рӯз омаду бедор нагаштем. Вомондагӣ андар паси девори қиёмат, Ҳайф аст, дареғо, ки дари сулҳ биҳиштем. Чун мурғ бар ин гунгура то кай битавон хонд, Як рӯз нигаҳ кун, ки бар ин гунгура хиштем. Моро аҷаб ар пушту паноҳе бувад он рӯз, К-имрӯз касеро на паноҳему на пуштем. Гар хоҷа шафоат накунад рӯзи қиёмат, Шояд, ки зи машшота наранҷем, ки зиштем. Бошад, ки иноят бирасад в- ар на мапиндор, Бо ин амали дӯзахиён з-аҳли биҳиштем. Саъдӣ, магар аз хирмани иқболи бузургон, Як хӯша бибахшанд, ки мо тухм накиштем.