Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
То кай дилат аз чархи ҳазин хоҳад буд?
То кай дилат аз чархи ҳазин хоҳад буд? Бо меҳнату дард ҳамнишин хоҳад буд? Хуш бош, ки рӯзгор пеш аз ману ту То буд, чунон буду чунин хоҳад буд.
Чун сурати зебои ту андохтаанд
Чун сурати зебои ту андохтаанд, Сад ҳусну малоҳат ба ҳам омехтаанд. Алқисса, ки шакли оламорои туро Дар қолаби орзуи мо рехтаанд.
Оне ки тамом аз намакат рехтаанд
Оне ки тамом аз намакат рехтаанд, Зарроти вуҷудат зи намак бехтаанд. Бо шираи ҷонҳо намак омехтаанд, То ҳамчу ту сурати барангехтаанд.
Рӯзу шаби ман ба гуфтугӯи ту гузашт
Рӯзу шаби ман ба гуфтугӯи ту гузашт, Солу моҳи ман ба ҷустуҷӯи ту гузашт. Умрам ба тавофи гирди кӯйи ту гузашт, Алқисса, дар орзуи рӯйи ту гузашт.
Имрӯз маро ғайри парешонӣ нест
Имрӯз маро ғайри парешонӣ нест, Дар мушкили ман умеди осонӣ нест. Ғам кушт марову кас ба додам нарасид, Пиндоштам, ки дар ин шаҳр мусулмонӣ нест.
Азбаски маро давлати бедор кам аст
Азбаски маро давлати бедор кам аст, Гуфтан натавон, ки то чӣ миқдор кам аст. Ранҷест фироқат, ки камаш бисёр аст, Айшеcт висоли ту, ки бисёр кам аст.
Гар дил биравад, ман наравам аз назарат
Гар дил биравад, ман наравам аз назарат, В-ар ҷон бидиҳам, хок шавам дар гузарат. Чун гард шавам, бар остонат оям, Бинишинаму барнахезам аз хоки дарат.
Ёрони куҳан, ки банда будам ҳамаро
Ёрони куҳан, ки банда будам ҳамаро, Дар банди ҷафои худ шунудам ҳамаро. Зинҳор, зи кас вафо маҷӯед, ки ман Дидам ҳамаро в-озмудам ҳамаро.
Боз ой, ки аз ҷон асаре нест маро
Боз ой, ки аз ҷон асаре нест маро, Мадҳушаму аз худ хабаре нест маро. Хоҳам, ки ба ҷониби ту парвоз кунам, Аммо чӣ кунам? Болу паре нест маро.
Дӯстон, имшаб давои ҷони маҳзунам кунед
Дӯстон, имшаб давои ҷони маҳзунам кунед, Бар сарам афсонае хонеду афсунам кунед. Нест андуҳи маро бо дарди Маҷнун нисбате, Мешавам девона, гар нисбат ба Маҷнуна
Биё-биё, ки дилу ҷони ман фидои ту бод!
Биё-биё, ки дилу ҷони ман фидои ту бод! Саре, ки бар тани ман ҳаст, хоки пои ту бод! Дилам ба меҳри ту сад пора боду ҳар пора Ҳазор зарраву ҳар зарра дар ҳавои
Ин тозагул, ки мерасад, аз бустони кист?
Ин тозагул, ки мерасад, аз бустони кист? Нахли кадом гулшану сарви равони кист? Боз ин ниҳоли тоза, ки сар мекашад ба ноз, Сарви кашидақомату нозукмиёни кист?
Бе ту ҳар рӯз маро моҳею ҳар шаб соле аст
Бе ту ҳар рӯз маро моҳею ҳар шаб соле аст, Шаб чунон, рӯз чунин, оҳ, чӣ мушкил ҳоле аст! Ҳаргизат нест бар аҳволи ғарибон раҳме, Мо ғарибему ту бераҳм, ғариб аҳ
Нодида мекунӣ, чу фитад дида бар манат
Нодида мекунӣ, чу фитад дида бар манат, Ҷонам фидои дидан у нодида карданат. Фардо, ки реза-реза шавад тан ба зери хок, Бархезаму чу зарра дароям зи равзанат.
Ба чашми лутф гар бинӣ
Ба чашми лутф гар бинӣ гирифторони расворо, Ба мо ҳам гӯшаи чашме, ки расво кардаӣ моро. Пас аз мурдан нахоҳам сояи тубо, вале хоҳам, Ки рӯзе соя ба хокам фит
Гаҳ намак резад ба хум, гаҳ бишканад паймонаро
Гаҳ намак резад ба хум, гаҳ бишканад паймонаро, Мӯҳтасиб то чанд дар шӯр оварад майхонаро? Ҳар куҷо як шаб зи сӯзи хеш гуфтам шаммае, Шамъро бигдохтам, оташ за
Тарки ёрӣ кардию ман ҳамчунон ёрам туро
Тарки ёрӣ кардию ман ҳамчунон ёрам туро, Душмани ҷонию аз ҷон дӯсттардорам туро. Гар ба сад хори ҷафо озурда созӣ хотирам, Хотири нозук ба барги гул наязорам ту
Ҷон хуш аст, аммо намехоҳам, ки ҷон гӯям туро
Ҷон хуш аст, аммо намехоҳам, ки ҷон гӯям туро, Хоҳам аз ҷон хуштаре бошад, ки он гӯям туро. Ман чӣ гӯям, к-он чунон бошад, ки ҳадди ҳусни туст? Ҳам ту худ фармо
Пеши назар бинам туро
Ман кистам, то ҳар замон пеши назар бинам туро? Гоҳе гузар кун сӯи ман, то дар гузар бинам туро. Афтода бар хоки дарам, хуш он ки ойӣ бар сарам, Ту зери по бини
Бархез, то ниҳем сари худ ба пои дӯст
Бархез, то ниҳем сари худ ба пои дӯст, Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст. Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест, Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.
Дар олами бевафо касе хуррам нест
Дар олами бевафо касе хуррам нест, Шодию нишот дар банӣ Одам нест! Он кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест, Ё одам нест ё аз ин олам нест!
Панди муҳаббат
Аз меҳр бувад равшании рӯзу шабат, Аз сидқ бувад қимати ҷону лабат. Бо мардумӣ ойину вафо пеша кунӣ, То зинда бимонад ба накӯӣ насабат.