Биё-биё, ки дилу ҷони ман фидои ту бод!
Биё-биё, ки дилу ҷони ман фидои ту бод!
Саре, ки бар тани ман ҳаст, хоки пои ту бод!
Дилам ба меҳри ту сад пора боду ҳар пора
Ҳазор зарраву ҳар зарра дар ҳавои ту бод!
Зи хона то бадар оию по ниҳӣ ба сарам,
Сарам фитода ба хоки дари сарои ту бод!
Туро ба бисмили ман гар ризост, бисмиллаҳ,
Биё-биё, ки қазо тобеи ризои ту бод!
Муқассирам зи дуъо дар ҷавоби дашномат,
Малоики ҳама афлок дар дуъои ту бод!
Мабод он, ки равад ҳаргиз аз балои ту дил,
Дар ин ҷаҳон ву дар он низ мубталои ту бод!
Ба дард хӯй гирифтам, даво намехоҳам,
Ҳамеша дар дили ман дарди бедавои ту бод!
Чӣ лутф буд, рақибо, ки рафтӣ аз кӯяш,
Бад-ин савоб, ки кардӣ, биҳишт ҷои ту бод.
Агар Ҳилолии бечора дар ҳавои ту мурд,
Барои мурдани ӯ ғам махӯр, бақои ту бод!