Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Чӣ он аст, ки шоҳон зи ту шарманда шаванд

Чӣ он аст, ки шоҳон зи ту шарманда шаванд, Салтанатро бигузоранду туро банда шаванд. Гар ба хоки қадамат саҷда муяссар гардад, Сарфарозони ҷаҳон ҷумла сарафканда шаванд. Бар сари хоки шаҳидон агар афтад гузарат, Куштаву мурда ҳама дар қадамат зинда шаванд. Ҷамъъи хубон ҳама чун кавкабу хуршед туӣ, Ту бурун ой, ки ин ҷамъ пароканда шаванд. Ҳеч завқе беҳ аз ин нест, ки аз ғояти шавқ Чашми ман гиряду лабҳои ту дар ханда шаванд. Гар ту он талъати фаррух бинамой рӯзе, Тирарӯзон ҳама бо толеъи фархунда шаванд. Агар ин аст, Ҳилолӣ, шарафи пояи ишқ, Ҳама кас толиби ин давлати поянда шаванд.