Ман ошиқи девонаву мастам, чӣ тавон кард?
Ман ошиқи девонаву мастам, чӣ тавон кард?
Майхораву маъшуқапарастам, чӣ тавон кард?
Гар соғари сесӯза кашидам, чӣ тавон гуфт?
В-ар тавбаи чилсола шикастам, чӣ тавон кард?
Гӯянд, ки риндию хароботию бадном,
Оре, ба Худо, ин ҳама ҳастам, чӣ тавон кард?
Ман растаам аз қайди хирад, ҳеч магӯед,
В-ар з-он ки аз ин қайд нарастам, чӣ тавон кард?
Бархостам аз савмааи зӯҳд саломат,
Дар кӯйи харобот нишастам, чӣ тавон кард?
Аҳдам ҳама бо пири муғон аст, Ҳилолӣ,
Гар бо дигаре аҳд набастам, чӣ тавон кард?