Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Дӯстон, имшаб давои ҷони маҳзунам кунед

Дӯстон, имшаб давои ҷони маҳзунам кунед, Бар сарам афсонае хонеду афсунам кунед. Нест андуҳи маро бо дарди Маҷнун нисбате, Мешавам девона, гар нисбат ба Маҷнунам кунед. Лолагун шуд хирқаи садчокам аз хуноби ашк, Шарҳи ин сурат ба шӯхи ҷомагулгунам кунед. Шаҳсавори ман ба саҳро рафтаву ман мондаам, З-ин гунаҳ аз шаҳр мехоҳам, ки берунам кунед. Васфи қаддашро ба мизони хирад санҷидаам, Офарин бар эътидоли табъи мавзӯнам кунед. Чашми пурхунам бибинеду мапурсед аз дилам, Ҳолати дилро қиёс аз чашми пурхунам кунед. Чун Ҳилолӣ дӯш бар хоки дараш ҷо кардаам, Шояд аз имрӯз ҷо бар авҷи гардунам кунед.